Нишасти тантанавӣ ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

07.09.2021 18:56

7 сентябри соли 2021 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти тантанавӣ ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ қайд намуд, ки  бо касби Истиқлоли давлатии Тоҷикистон давраи комилан наву сарнавиштсози мардуми тоҷик оғоз ёфта, 30 сол мешавад, ки Тоҷикистон ба сифати кишвари озоду мустақил, бо эътирофу эҳтироми арзишҳои башарӣ ва дифоъ аз манфиатҳои миллӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ ҳузур дорад.

Сироҷиддин Муҳриддин иброз дошт, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат барои фардои дурахшони кишвар корҳои бузург анҷом дода шуданд. Ислоҳот ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷумҳуриро фаро гирифта, муҳимтарин заминаҳои рушди устувори иқтисод гузошта шуд. Хирад, шуҷоату қатъият ва фидокориву ҷонбозиҳои Сарвари давлат буд, ки марзу буми кишвар аз вартаи нестиву ҳалокат эмин монда, рукнҳои фалаҷшудаи давлатдорӣ эҳё гардид, мардуми овора ва саргаштаву бечора ба Ватан боз оварда шуд, ваҳдату ҳусни тафоҳум дар ҷомеа барқарор гардид.

Таъкид гардид, ки дар 30 соли истиқлол сиёсати хориҷии Тоҷикистон комилан ташаккул ёфта, тамосу ҳамкориҳои дӯстона ва мутақобилан судманд бо кишварҳои гуногун, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявии ҷаҳон роҳандозӣ гардид ва тадриҷан таҳкиму густариш пайдо кард. Ба шарофати сиёсати амалгаро, санҷида ва ботадбири Пешвои миллат ва ташаббусҳои ҷаҳонии ӯ кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи муносиб касб намуд.

Дар фарҷоми нишаст Вазири корҳои хориҷӣ кормандони хидмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷашни 30-юмин солгарди  Истиқлоли давлатии кишвар табрик намуд.

1-v-07-09-2021.jpg

2-v-07-09-2021.jpg

3-v-07-09-2021.jpg

4-v-07-09-2021.jpg

5-v-07-09-2021.jpg

 

Нигористон

Тақвим