Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон

08.09.2021 08:32

4 сентябри 2021 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳузури намояндагони ниҳодҳои расмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳайати корпусҳои дипломатӣ, роҳбарони марказҳои фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон, ҳамватанони муқими Ӯзбекистон, донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони расонаҳо ҷашн гирифт.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон  А. Раҳмонзода зимни суханронӣ аз аҳаммияти сарнавиштсози истиқлол сухан гуфта, онро дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, ки бо ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст, таъкид намуд.

Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мусаев Беҳзод иштирок намуда, зимни суханронӣ мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни фархундаи Истиқлол табрику таҳният гуфт.

Ҳамчунин  гӯшаи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол ташкил шуда, аксҳо, манзараҳои зебои кишвар, китобҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сиёсат ва таъриху фарҳанг, намунаи либосҳои миллӣ ва асбобҳои мусиқӣ ба намоиш гузошта шуданд.

5V1A7812.jpg

foto-baner.jpg

 

Нигористон

Тақвим