Мулоқоти маҷозии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсоя бо Афғонистон

08.09.2021 19:49

8 сентябри 2021 бо пешниҳоди ҷониби Ҷумҳурии Исломии Покистон нахустин мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон – Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Покистон, Эрон ва Чин дар шакли маҷозӣ сурат гирифт.

Вазирон зарурати пешбурди абзори мазкурро ба мақсади баррасии вазъи кунунии Афғонистон ҳамчун механизми нави ҳамкорӣ миёни ҳамсояҳои он кишвар таъкид карданд.

Ҷонибҳо изҳор карданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳамбастагӣ бо кишварҳои минтақа бояд масъулияти муҳимро барои сулҳу субот ва барқарорсозии Афғонистон ба дӯш гирифта, ба он кишвар кӯмакҳои зарурии иқтисодӣ ва башардӯстона расонанд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон қайд намуд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳукумати фарогири ҳамашумул бо иштироки ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ ва ақалиятҳои миллӣ фаъолият кунад. С.Муҳриддин илова намуд, ки мо ҳама гуна ҳукуматеро,ки бе раъйпурсии мардумӣ ва намояндагони ҳамаи қавмҳо таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳем кард.

1-V-08-09-2021.jpg

inforepo.jpg

IMG-5059.jpg

 

Нигористон

Тақвим