Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар нишасти маҷозӣ оид ба масъалаҳои Афғонистон

08.09.2021 20:13

8 сентябри 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасте, ки ба масъалаҳои Афғонистон бахшида шуда буд, ширкат варзид.

Нишасти мазкур бо ташаббуси ИМА ва Олмон ва ҳузури маҷозии роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷии Австралия, Баҳрайн, Канада, Фаронса, Ҳиндустон, Италия, Япония, Кувайт, Норвегия, Покистон, Қатар, Ҷумҳурии Корея, Арабистони Саудӣ, Испания, Туркия, Туркманистон, Аморати Муттаҳидаи Арабӣ, Британияи Кабир, ИА ва СААШ, СММ баргузор гардид.

Ҷонибҳо зимни баррасии масъалаҳои нишаст диққати асосиро ба мавзӯи гурезаҳо, мубориза бо терроризм, расонидани кумаки гуманитарӣ ба аҳолии Афғонистон ва ҳамкориҳои кишварҳо барои роҳ надодан ба фоҷеаи гуманитарӣ дар ин кишвар равона карданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ, аз ҷумла таъкид кард, ки ҷомеаи байналмилалӣ тӯли 20 сол натавонист дар Афғонистон тартибро ҷорӣ кунад ва даҳҳо ҳазор террористро дар ин кишвар “мерос” монд. Ин кишвар ба маркази нооромиву бесуботи мубаддал гардид. Дар ин вазъият Тоҷикистон, ки бо ин кишвар марзи тӯлонӣ ва ҳассос дорад чи амалкардаҳое бояд дошта бошад?

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи суханронӣ мавзӯи ҷанг дар Панҷшерро низ зикр кард. Ӯ афзуд, ки Толибон ҳавопаймоҳоро бо мусоидати кишварҳои сеюм зимни ҳамлаҳо ба Панҷшер истифода мебаранд, ки боиси кушта шудани теъдоди зиёди мардуми бумӣ, яъне тоҷикон мегардад. Аз ин рӯ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро даъват кард, ки ба Толибон таъсир расонанд ва дар пайдо кардани роҳи ҳалли сиёсӣ дар буҳрони ҷорӣ мусоидат намояд.

Вазири корҳои хориҷӣ таъкид кард, ки Тоҷикистон танҳо ҳукумати фарогирро бо иштироки тамоми гурӯҳҳои этникӣ, ки дар он тоҷикони Афғонистон ҷойи сазовори худро ишғол мекунанд, дастгирӣ хоҳад кард.

Foreign-Minister-08-09-2021-20-00-1.jpg

Foreign-Minister-Screenshot.jpg

Foreign-Minister-08-09-2021-20-00-2.jpg

Нигористон

Тақвим