Машваратҳои муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД.

09.09.2021 16:52

 7 сентябри 2021 дар Москва таҳти раисии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содик Имомӣ машваратҳои муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид.

Иштирокдорони чорабинӣ масъалаҳои омодагӣ ва баргузории ҷаласаҳои қарибулвуқӯи ниҳодҳои оинномавии СААД-ро, ки рӯзҳои 15-16 сентябр дар Душанбе дар назар мебошанд, мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба лоиҳаи Эъломияи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ (ШАД) ва дигар лоиҳаҳои санадҳое, ки дар саммити душанбегии ШАД ва ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД баррасӣ мегарданд, мубодилаи афкор намуданд.

Иштирокдорони машваратҳо саъю кӯшишҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД дар солҳои 2020-2021-ро, ки ба рушди минбаъдаи низоми амнияти дастаҷамъӣ ва суботи минтақавӣ мусоидат намудаст, таъкид карданд.

Машваратҳо дар фазои корӣ ва созанда сурат гирифтанд.

Imomi-Moscow-1.jpg

Imomi-Moscowjpg.jpg

 

Нигористон

Тақвим