Оид ба иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД

12.09.2021 20:26

16 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад.

Дар кори ҷаласа Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Воваевич Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Григоревич Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Кемелович Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Нургожоевич Жапаров, Президенти Федератсияи Россия Владимир Валадимирович Путин (онлайн) ва Котиби генералии СААД Станислав Василевич Зас иштирок хоҳанд кард. 

Сарони кишварҳо оид ба масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ва натиҷаҳои асосии фаъолияти Созмон дар марҳилаи байниҷаласавӣ мубодилаи афкор намуда, инчунин маълумотро дар бораи самтҳои авлавиятноки фаъолият дар давраи раёсати дарпешистодаи Ҷумҳурии Арманистон дар СААД мешунаванд.  

Аз натиҷаи ҷаласа қабули Эъломияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ва тақрибан понздаҳ қарор ба нақша гирифта шудааст.

Саммити Душанбе давраи чорабиниҳои ниҳодҳои оинномавии СААД дар доираи раисии Тоҷикистонро хотима мебахшад.

Нигористон

Тақвим