Дар бораи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон

13.09.2021 18:01

Бо даъвати расмии Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 сентябри 2021 Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.

Дар ҷараёни сафари расмӣ мулоқоти хоссаи роҳбарони ду давлат ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар дар назар аст.

Дар натиҷаи мулоқот имзои Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи густариши равобити дуҷониба ва бастаи санадҳои нави ҳамкорӣ дар назар аст.

Нигористон

Тақвим