Мулоқот бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон

14.09.2021 12:40

14 сентябри соли 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Марк Поммершайм ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардид.

Ба Сафири ИМА оид ба суханони Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка ҷаноби Ҷо Байден зимни боздид аз дидбонгоҳи оташнишонӣ дар Пенсилвания ёддошти эътирозӣ супорида шуд.

Дар ёддошт омадааст, ки чунин суханҳо ба руҳияи муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ ҷавобгӯ намебошад.

Ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманди пешбурди робитаҳои судманд бо Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар руҳияи ёрӣ ва эҳтироми ҳамдигар аст.

 

Нигористон

Тақвим