Мулоқот бо Сафири Эрон

14.09.2021 14:35

13 сентябри 2021 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собириро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуда, оид ба мушорикати ҷонибҳо дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Нигористон

Тақвим