Мулоқоти Сафир дар Вазорати корҳои дохилии Қатар

14.09.2021 17:40

Рӯзи 14 сентябри 2021 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Муовини вазири корҳои дохилӣ- мудири кулли раёсати амнияти ҷамъиятии Давлати Қатар  Саъд бин Ҷосим Ал-Хулайфӣ баргузор шуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои густаришу таҳкими ҳамкориҳо байни вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Қатар ва дар ин замина нақшаҳои минбаъдаро ҷиҳати татбиқи амалии Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният баррасӣ карданд.

Бо дарназардошти афзоиши хатару чолишҳои замони муосир, табодули назар атрофи роҳҳои муборизаи самараноку муштарак алайҳи терроризми байналмилалӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ сурат гирифт. 

3a3ba3cd-cff2-41de-b98c-0e0911f2f290.jpg

Нигористон

Тақвим