Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД дар Душанбе

15.09.2021 09:30

15 сентябри 2021 дар Душанбе ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амниятии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид.

Мутобиқи рӯзномаи ҷаласаи муштарак давлатҳои узв оид ба вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Аврупои Шарқӣ ва Қафқози амнияти дастаҷамъии СААД ва фаъолияти созмон дар марҳилаи байниҷаласавӣ мубодилаи афкор намуданд. Гузашта аз ин, маълумотҳои дабири кулли СААД      С. Зас оид ба рафти омодакунии лоиҳаи Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД дар бораи мустаҳкам кардани минтақаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Арманистон оид ба самтҳои авлавиятноки фаъолият дар давраи раёсати Арманистон дар Созмон шунида шуданд.

Роҳбарони ҳайатҳо дар маҷмӯъ лоиҳаи Эъломияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД-ро мувофиқа карда, як қатор изҳоротҳо, аз ҷумла Эъломияи муштараки давлатҳои аъзои СААД “Оид ба вазъ дар Афғонистон”, Эъломияи вазирони корҳои хориҷӣ “Оид ба ҳамоҳангии кӯшишҳои муштарак дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо терроризми кибернетикӣ”, Эъломияи вазирони корҳои хориҷӣ “Оид ба кӯшишҳои дастаҷамъӣ дар ҳалли вазъи буҳронӣ дар Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ” ва Эъломияи муштараки вазирони корҳои хориҷӣ “Дар бораи тасдиқи пайравӣ ба принсипҳои Оинномаи СММ ва мустаҳкам кардани ҳамкорӣ оид ба таъмини риояи қатъии онҳо”-ро қабул карданд.       

Аз натиҷаи ҷаласаи муштарак тақрибан 20 қарор, ки ба вусъат додани ҳамкории давлатҳои аъзои СААД оид ба масъалаи амнияти биологӣ ва такмили низоми омодакунии якҷояи кадрҳои низомӣ барои қувваҳои мусаллаҳ равона карда шудаанд, қабул карда шуд. Ҳамзамон Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ “Дар бораи Намояндаи махсуси дабири кулли СААД оид ба масъалаҳои посдори сулҳ” ба асос гирифта шуд.     

Зимни ҷаласа ба иҷрои пайвастаи уҳдадориҳои Тоҷикистон ба ҳайси раис бар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ, давомат, эҳтимом ва эҳтироми мавқеи ҳар як давлати узви СААД баҳои баланд дода шуд.

Дар кори ҷаласаи муштарак намояндагони давлатҳои узви СААД иштирок карданд: аз Ҷумҳурии Тоҷикистон – вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ва котиби Шӯрои амният Насрулло Маҳмудзода, аз Ҷумҳурии Арманистон – котиби Шӯрои амният Армен Григорян, аз Ҷумҳурии Беларус – вазири корҳои хориҷӣ Владимир Макей, вазири мудофиа Виктор Хренин ва котиби давлатии Шӯрои амният Александр Волфович, аз Ҷумҳурии Қазоқистон – муовини Сарвазир/вазири корҳои хориҷӣ Мухтар Тлеубердӣ, вазири мудофиа Мурат Бектанов ва ёрдамчии Президент – котиби Шӯрои амният Асет Исекешев, аз Ҷумҳурии Қирғизистон – вазири корҳои хориҷӣ Руслан Казакбаев, вазири мудофиа Таалайбек Омуралиев ва котиби Шӯрои амният Марат Иманкулов, аз Федератсияи Россия – вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров, вазири мудофиа Сергей Шойгу ва котиби Шӯрои амният Николай Патрушев, аз мақомоти доимии амалкунандаи корӣ – котиби генералии СААД Станислав Зас ва сардори Ситоди муттаҳидаи СААД Анатолий Сидоров.

Қарор қабул гардид, ки ҷаласаҳои навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амниятии СААД дар нимсолаи якуми соли 2022 дар Арманистон баргузор шавад.

SMID-SMO-15-2.jpgSMID-SMO-15-4.jpg

Нигористон

Тақвим