Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон

27.10.2021 11:23

26 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброхим Раисӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро, ки дар Теҳрон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкиму густариши онҳо, вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла таҳаввулоти ахир дар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо зарурати истифодаи имконот ва зарфиятҳои мавҷударо барои тавсеаи равобити тиҷоативу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Эрон таъкид карданд.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Пешвои миллат ва мардуми Тоҷикистон барои меҳмоннавозии самимона зимни сафари расмиаш ба кишвари мо дар моҳи гузашта изҳори сипос намуд.

Iran-President-1 27 10 2021.jpg

 

Нигористон

Тақвим