Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Вазири нерӯи Эрон

28.10.2021 15:24

27 октябри соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Теҳрон ҷиҳати иштирок дар Нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон+Русия бо Вазири нерӯи Эрон, ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбари Меҳробиён дидору гуфтугӯ намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои таҳкими равобити дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла амалӣ намудани тавофуқоти ҳосилшуда зимни мулоқоти сатҳи олии ҷонибҳо дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон (7-8 июни 2021, Душанбе) табодули назар намуда,  мавҷудияти зарфияту имконот ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои беҳтар ва баҳрабардории мутақобили бештар аз лоиҳаҳои муштаракро қайд намуданд.

Muloqoti-Vazir-bo-Vaziri-nerui-Eron-28-10-2021-3.jpg

Muloqoti-Vazir-bo-Vaziri-nerui-Eron-28-10-2021-2.jpg

Muloqoti-Vazir-bo-Vaziri-nerui-Eron-28-10-2021-1.jpg

Нигористон

Тақвим