Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Вазири иқтисод ва молияи Эрон

15.11.2021 09:07

14 ноябри соли 2021 дар Теҳрон мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Эҳсони Хондузӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот роҷеъ ба пайгирӣ ва татбиқи тавофуқоти зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (16- 18 сентябри соли 2021) ҳосилшуда, аз ҷумла таҳияи «Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон то соли 2030» табодули назар сурат гирифт.

Ҷонибҳо зарурати истифода аз имконот ва зарфиятҳои мавҷударо барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ таъкид карданд.

Vokhuri-bo-Vaziri-iktisodIMG-20211114-WA0084.jpg

Vokhurii-Safir-bo-Vaziri-iktisod-IMG-20211114-WA0085.jpg

 

Нигористон

Тақвим