Муҳтарам ҷаноби Боррелл,
Хонум Урпилайнен
Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Мо чанд лаҳза пеш бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ, ҷаноби Жозеп Боррелл, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, мулоқоту музокироти самарабахшро анҷом додем.
Иттиҳоди Аврупо аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад ва сафари Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ Жозеп Боррелл ба Тоҷикистон боз як нишонаи возеҳи ҳавасмандии ҷонибҳо ба идома додани ҳамкориҳои судманду гуногунпаҳлӯ мебошад.
Мо имрӯз атрофи тамоми масоили мавриди назари тарафайн, бахусус вазъи кунунии муносибатҳо, роҳҳои таҳкиму тавсеаи минбаъдаи онҳо ва мавзӯъҳои минтақавию байналмилалӣ муколамаи судманд анҷом додем.
Қайд гардид, ки кумаки Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар давраи ҳамагирии коронавирус барои мо бисер назаррас ва муҳим буд.
Таъкид шуд, ки дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо робитаҳои ҷонибҳо тақвияту тавсеа ёфта истодаанд.
Зикр гардид, ки дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он равандҳои нави сиёсию иқтисодӣ ва амниятӣ ташаккул ёфтаанд ва ин воқеият зарурати васеътар кардани доираи рӯзномаи ҳамкориҳо ва таҷдиди заминаи ҳуқуқии муносиботи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро пеш овардааст.
Дар ин асно, мо масъалаи ба имзо расонидани Созишномаи мукаммали ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати оғоз бахшидан ба раванди музокироти ҷонибҳо барои таҳияи матни Созишнома дар соли оянда ба мувофиқа расидем.
Дар мулоқоти имрӯза бахши иқтисодии ҳамкориҳоямон мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт. Дар ин замина, тақвият бахшидан ба асосҳои меъёрву ҳуқуқии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро тақозои рӯз донистем.
Дар ин робита, мо пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Барномаи умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо GSP+, ки содироти молу маҳсулоти кишвари моро ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо аз имтиёзҳои гумрукӣ бархӯрдор хоҳад кард, баррасӣ намудем.
Мо нигаронии амиқи худро аз хатари густариши терроризму зуҳуроти экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиру қочоқи силоҳ, иброз доштем.
Таъкид намудем, ки ҳар ду ҷониб ҳамкориҳояшонро дар мубориза бар зидди ин зуҳурот тақвият бахшанд.
Дар рафти музокирот ба амнияту суботи марзҳои Тоҷикистон ва вазъи Афғонистону минтақа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.
Мо хоҳони истиқрори ҳарчи зудтари сулҳу субот дар Афғонистон, ки омили муҳими таъмини амният дар минтақа мебошад, ҳастем.
Мо таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва фарогири манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва қавму миллатҳои сокини Афғонистонро омили калидии истиқрори сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон донистем.
Ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарин дониста шуданд.
Дар ин росто, Муколамаи амниятии сатҳи баланд миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо абзори муҳим арзёбӣ гардид.
Мо муҳиммияти ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро дар амри мустаҳкам намудани хатти сарҳад, аз ҷумла тавассути тавсеаи барномаҳои БОМКА ва КАДАП таъкид доштем.
Мо ҳамкориҳоро дар доираи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ хуб арзёбӣ намудем.
Нақши ҳамкориҳои гуманитарӣ дар раванди рушди робитаҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо хеле муҳим дониста шуд ва ҷонибҳо зарурати тақвияту густариши бештари онҳоро бори дигар таъкид карданд.
Ҷонибҳо ба Муколамаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, омодагии худро барои идомаи он иброз намуданд.
Оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мушкилоти марбут ба муҳити зист низ дар меҳвари гуфтӯгуи мо қарор дошт.
Иброз гардид, ки мо дар ин ҷода назари яксон дорем ва дар иртибот ба иқдомоти дахлдор ҷиҳати пешгирии пайомадҳои оқибатҳои тағйирёбии иқлим изҳори омодагӣ намудем.
Ҷониби Тоҷикистон бори дигар изҳор намуд, ки манфиатдори истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои обии минтақа, ҳамчунин ҳифзи муҳити зисти он мебошад.
Мо ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар мавзӯи об, бахусус Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”, чорабиниҳои марбут ба он ва пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълони соли 2025 ҳамчун соли ҳифзи пиряхҳоро дар доираи ҳадафҳои рушди устувор муҳим донистем.