Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ

28.12.2021 16:12

27 декабри 2021 дар шаҳри Ҷидда мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ Акрам Каримӣ бо Дабири кулли тозаинтихоби Созмони ҳамкории исломӣ доктор Ҳусейн Иброҳим Тоҳо баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ ва ниҳодҳои зерсохтории он ва роҳҳои таҳкими фаъолияти муштарак дар доираи ин созмон баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо инчунин атрофи қазияҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи гуманитарӣ дар Афғонистон ва механизмҳои расонидани кумакҳои башарӣ ба мардуми афғон табодули назар карданд.

Tajikistan-and-OIC-in-Saudi-Arabia-28-12-2021-2.jpg

Tajikistan-and-OIC-in-Saudi-Arabia-28-12-2021-1.jpg

Нигористон

Тақвим