2 феврали 2022 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Мирзошариф Ҷалолов бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷопон Ҳонда Таро баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот ҷонибҳо ҳамдигарро ба ифтихори 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Ҷопон муборакбод гуфтанд.
Зимнан, Т. Ҳонда ба Сафир паёми табрикии муҳтарам Кишида Фумио, Сарвазири Японияро унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорид.
Сафири Тоҷикистон низ дар навбати худ нусхаи паёми табрикии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони Сарвазири Ҷопон муҳтарам Кишида Фумио тақдим намуд.
Ҳамчунин, миёни ҷонибҳо табодули паёмҳои табрикии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ҷопон сурат гирифт.
Дар идомаи вохӯрӣ Сафир ва Муовини вазир аз дастовардҳои ҳамкориҳои дӯстонаи ду кишвар дар тӯли сӣ соли равобити дипломатӣ изҳори қаноатмандӣ карданд ва барои дар оянда боз ҳам вусъат додани ҳамкориҳои муштарак изҳори омодагӣ намуданд.