23 феврали 2022 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид Абдулраҳман ал-Решайдан сурат гирифт. Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф ва сайёҳӣ табодули афкор намуда ва сармояро зарурати тавсеаи ҳамкориҳои муштарак ва афзоиши ҳаҷми гардиши савдо байни ду кишвар таъкид намуданд.
Дар ҷараёни гуфтушунид раванди омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, баррасӣ гардид.