Рӯзҳои 23-27 феврали соли 2022 дар шаҳри Маккаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати ин шаҳр Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратию саноатӣ баргузор гардид.
Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дар ин намоишгоҳ гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки дар он намунаҳои гуногуни маҳсулоти ватанӣ, нигораҳои ҳунарҳои миллӣ, аксҳои инъикоскунандаи табиати зебои Тоҷикистон ва брошюраҳо дар бораи имкониятҳои сайёҳии кишвар манзури зоирин гардиданд.
Инчунин дар гӯшаи Тоҷикистон тавассути наворҳои видеоӣ зарфиятҳои тиҷоратию иқтисодӣ, иқтидорҳои гидроэнергетикӣ ва имкониятҳои сармоягузории кишвар муаррифӣ шуданд.
Маросими ифтитоҳи намоишгоҳ бо ҳузури Амири минтақаи Маккаи мукаррама, Вазири тиҷорати Арабистони Саудӣ, роҳбарон ва намояндагони ҳайати дипломатии муқими Арабистони Саудӣ ва доираҳои соҳибкорию саноатии кишвари иқомат сурат гирифт.