Имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Эрон оид ба идомаи бозсозии нақби Истиқлол

08.07.2015 14:42

7 июли соли 2015 дар Теҳрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба идомаи бозсозии нақби Истиқлол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Дар мулоқот бо Вазири нерӯи Эрон Ҳомид Читчиён, ки қабл аз маросими имзои санади мазкур анҷом шуд, Сафири Тоҷикистон Н.Эмомзода таъкид сохт, ки  имзои санади мазкур ба ҳалли мушкилот дар корҳои боқимондаи нақб мусоидат хоҳад кард.  

Имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Эрон оид ба идомаи бозсозии нақби Истиқлол

Нигористон

Тақвим