Маросими супоридани эътимодномаи Сафири Тоҷикистон ба Маликаи Подшоҳии Муттаҳида

16.03.2022 15:49

15 марти соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Рухшона Эмомалӣ эътимодномаи худро ба Маликаи ин кишвар Улёҳазрат Елизаветаи II супорид.

Сафири Тоҷикистон таманниёти неки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маликаи Подшоҳии Муттаҳида Улёҳазрат Елизаветаи II ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ байни ду кишвари дӯст ва 70-умин солгарди ба тахт нишастани Малика расонид.

Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир ва дурнамои рушди он табодули афкор намуданд.

Royal-Family-Twitter-Photogpaph.jpeg

 

Нигористон

Тақвим