8 июли соли 2015 дар шаҳри Брюссел вохӯрии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев бо Директори генералии ташкилоти Евроконтрол Франк Бреннер баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳо бо ин ташкилот, аз ҷумла имконияти омӯзиш ва мубодилаи таҷрибаи пешрафтаро дар соҳаи аэронавигатсия ва дастрасӣ ба технологияҳои нави амнияти авиатсиониро баррасӣ намуданд.