9 июли соли 2015 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ мулоқот намуд.
Зимни суҳбат масъалаҳои марбут ба рафти татбиқи тарҳҳои муштараки зерсохторӣ дар Тоҷикистон ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои байниминтақавии ду кишвар дар арсаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин дар атрофи масъалаҳои мубрами минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.