Бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматии Тоҷикистону Кувайт

10.07.2015 16:41

30 июни соли 2015 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматӣ аз байн бардошта шудааст.

Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматӣ, ки 23 июни соли 2013 дар ш. Кувайт ба имзо расидааст, аз 11 марти соли 2014 эътибор пайдо намуд. Ҳамчунин Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматӣ аз 23 июни соли 2013, ки 23 ноябри соли 2014 дар шаҳри Кувайт ба имзо расидааст, аз 30 июни соли 2015 эътибор пайдо кард.
 
 
 
 

Нигористон

Тақвим