Мулоқоти Сафир дар Сандуқи рушди Қатар

23.03.2022 17:39

22 марти соли 2022 дар Давҳа мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Соҳибзода  бо Муовини мудири кулли Сандуқи рушди Қатар (Qatar  Fund for Development) ҷаноби Мусфар аш-Шаҳронӣ баргузор шуд.

Ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи рушди устувор ва дар ин замина роҳҳои татбиқи муштараки лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистонро, ки аз аҳамияти миллию байналмилалӣ низ бархурдоранд, баррасӣ карданд.

Сафири Тоҷикистон даъватномаи кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 6-9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, ба роҳбарияти Сандуқи рушди Қатар тақдим намуд.

PHOTO-2022-03-22-12-00-42.jpg

 

Нигористон

Тақвим