Вохӯрии ғайрирасмии сатҳи баланди Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)

14.07.2015 09:22

10 июли соли 2015 дар Ҳелсинки вохӯрии ғайрирасмии сатҳи баланди Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баргузор гардид. Ҳайати кишварро дар ин нишаст Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар САҲА ва созмонҳои дигари байналхалқӣ дар Вена Исматулло Насрединов намояндагӣ намуд.

Ин чорабинӣ бо ибтикори кишвари раисикунандаи САҲА дар соли 2015 Ҷумҳурии Сербия ва дастгирии Финляндия танзим карда шуд, ки дар ҳошияи он ҳайатҳои гуногунсатҳи  кишварҳои иштироккунанда ва шарикони Созмон ширкат доштанд.

Дар кори нишасти ғайрирасмии сатҳи баланд масъалаҳои рӯзномаи маҷлис, мушкилиҳои мубрами рӯз дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин маҷмӯи дастовардҳои дар тӯли 40 сол ба даст омада муҳокима карда шуданд.

Нигористон

Тақвим