14 июли соли 2015 дар Вазорати корҳои хориҷии Олмон мулоқоти кории Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Маликшо Неъматов бо Ваколатдор оид ба ҷаҳонишавӣ, сиёсати энергетикӣ ва иқлими Вазорати корҳои хориҷии Олмон Петер Фишер баргузор гашт.
Дар рафти сӯҳбат П.Фишер оид ба иштироки ҳайати Олмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» дар шаҳри Душанбе маълумот дода, ба сатҳи баргузории конфронс ва натиҷаҳои он баҳои баланд дод.
Ҳамзамон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти конфронси мазкур оид ба эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори «Об барои рушди устувор» саривақтӣ ва муҳим арзёби гардид. Дар рафти суҳбат масъалаҳо оид ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалии Берлин доир ба об, ки моҳи сентябри соли равон ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ гардиданд.