Выступление Министра иностранных дел Республики Таджикистан С. Мухриддина на пресс-брифинге с представителями местных и зарубежных СМИ о результатах деятельности Министерства за шесть месяцев 2019 года

02.08.2019 13:53

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма, 
Меҳмонони арҷманд!

Фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019 дар асоси талаботи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҷумҳурӣ, фармон, супориш ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин қарорҳо ва дастурҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Низомномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Нақшаи чорабиниҳои асосии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ҷараён гирифт.

Дар ин давра сафарҳои расмӣ ва кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия (16 –17 апрел), ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” (25-29 апрел), ба Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати иштирок ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (28-29 май), ба Ҷумҳурии Қирғизистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (14 июн) ва ба Ҷумҳурии Беларус (28 июн) боиси тақвияти ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва шарикони он гардиданд.

Дар айни ҳол, сафари кории Президенти Тотористон Рустам Мимиханов (19-20.03.2019), сафари расмии Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск (29-30.05.2019),  сафари кории Амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ (14-15.06.2019), сафари кории Президенти Федератсияи Русия В. Путин (14-15.06.2019), сафари кории Президенти Туркия Р. Эрдоган (14-15.06.2019), сафари кории Президенти Шри-Ланка М. Сирисена (14-15.06.2019), сафари кории Президенти Бангладеш А. Ҳамид (14-15.06.2019), сафари кории Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳ. Руҳонӣ (14-15.06.2019), сафари кории Президенти Қирғизистон С.Жээнбеков (14-15.06.2019), сафари кории Президенти Қазоқистон К. Токаев (14-15.06.2019), сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин С. Тзинпин (14-15.06.2019), сафари кории Президенти Ӯзбекистон Ш. Мирзиёев (14-15.06.2019) ба Тоҷикистон, инчунин баргузории бомуваффақияти Конфронси сатҳи баланд “Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” (16-17.05.2019), 7-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи “Осиёи Марказӣ+Япония” (17-18.05.2019) ва Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) (14-15.06.2019) дар шаҳри Душанбе аз рӯйдодҳои муҳимми нимсолаи якуми соли 2019 буданд.

Аз миёни рӯйдодҳои муҳими нимсолаи якум, мехоҳам рӯи яке аз онҳо махсус истода гузарам, ин таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардидани Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) (14-15.06.2019) дар шаҳри Душанбе мебошад, ки барои иштирок дар кори он сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои иштирокчӣ – Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, Урдун, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоҷа, Чин, Корея, Қирғизистон, Муғулистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон, Фаластин, Русия, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон, Шри-Ланка, роҳбарону намояндагони давлатҳои нозир –Индонезия, Филиппин, Белорус, Украина, Амрико, Япония, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналамилалии нозир ва шарик – Созмони Милали Муттаҳид, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Ассамблеяи парламентии кишварҳои туркзабон, Созмони Ҳамкории Шанхай ва меҳмони ҳамоиш – Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар “Кохи Наврӯз” ба ҳам омаданд. Баъд аз анҷоми кори Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аз ҷониби иштирокчиён “Эъломияи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё” қабул карда шуд.

Ҳозирини гиромӣ,

Густариши муносибатҳои ду ва чандҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ авлавияти асосии сиёсати хориҷии кишварамон буда, муҳимтарин самти фаъолияти Вазорати корҳои хориҷиро ташкил медиҳад. Дар ин росто, тӯли нимсолаи 2019 чанд дидору мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохил ва хориҷи мамлакат доир гардиданд, ки дар самти тавсеаи муносибатҳо дорои аҳамияти ҳалкунанда буданд ва Вазорат дар танзиму ташкили онҳо саҳми меҳварӣ дошт.

Дар ин давра беш аз 300 ҳайати гуногунсатҳи кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, ки ин амр барои густариши бештари муносиботи байналмилалӣ ва нақшофарии кишварамон дар асраи ҷаҳонӣ саҳми муассир доштанд.

Дар нимсолаи якуми соли равон низ чун дар гузашта густариши робитаҳои бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз авлавиятҳои сиёсати хориҷӣ буд.

Дар самти муносибатҳои дуҷониба, рушду таҳкими равобити фарогир миёни Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. 16-17 апрели соли равон сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия ба вуқӯъ пайваст. Ҷонибҳо аз сатҳи рушди ҳамкориҳои дуҷониба, ки тамоми соҳаҳоро дар бар мегиранд, изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро баҳри тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ баён карданд. Зимни сафари Роҳбари давлат ба Федератсияи Русия 17 санад, ки самтҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷонибаро фаро мегиранд, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодӣ, ҳарбӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, маориф, сайёҳӣ, мубориза бар зидди маводи мухаддир, варзиш, илму фарҳанг ва дигар мавзӯъҳо ба имзо расиданд.

Дигар рӯйдоди муҳим дар ин бахш он аст, ки 14 июни соли равон дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, ки ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба Тоҷикистон бо боздиди корӣ ташриф овард, мулоқот карданд. Зимни вохӯрӣ масоили муносибатҳои шарикии стратегии ду кишвар баррасӣ гардид.

Мавзӯъҳои сиёсӣ ва дигар масоили мубрам пайваста мавриди муҳокимаи вазирони корҳои хориҷӣ қарор мегиранд. Дар ин робита, 4-5 феврали соли 2019 сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия С.В. Лавров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Муносибатҳои байниминтақавӣ миёни Тоҷикистону Русия самти авлавиятноки ҳамкориҳо арзёбӣ мегарданд ва батадриҷ густариш меёбанд. Дар ин робита 19-20 марти соли 2019 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Р. Минниханов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳамкориҳои сохтору идораҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар партави созишҳои дуҷонибаи дар сатҳи олӣ бамиёномада ва дастури супоришҳои роҳбарони давлатҳо ҷиҳати таҳкиму тавсеаи муносибатҳои гуногунсамти ду кишвар бамаром идома ёфтанд.

Иқдомҳои муштарак ба раванди густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳама ҷанбаҳои манофеи муштарак, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангу робитаҳои башарӣ, иртибототи нақлиётӣ, истифодаи захираҳои обию энергетикӣ, амният ва мудофиа, инчунин робитаҳо байни минтақаҳои ду кишвар такони ҷиддӣ бахшиданд. Қобили зикр аст, ки дар ин давра дар ҳошияи чорабиниҳои гуногуни байналмилалӣ вохӯриҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сатҳи олию воло,  инчунин як қатор вохӯриҳои вазирони корҳои хориҷии ду кишвар баргузор гардиданд, ки онҳо дар фазои хоси дӯстӣ ва эътимоди ҳамдигар ҷараён гирифтанд.

Дар шаш моҳи соли равон муносибатҳои Тоҷикистон бо шарики дигари стратегии худ Ҷумҳурии Қазоқистон вориди марҳалаи тозае шуданд. 28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Нур-Султон бо нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот анҷом доданд, ки дар рафти онҳо маҷмӯи масоили ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Инчунин 14 июн мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти кунунии Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Такаев дар Душанбе  баргузор гардид, ки зимни он вазъ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Боиси хушнудист, ки дар давраи ҳисоботӣ бо талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко муносибатҳои Тоҷикистону Беларус ба сатҳи шарикии стратегӣ бардошта шуданд. Ин бо имзо намудани Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Беларус 28 июни соли 2019 амалӣ гардид. Ҷонибҳо зимни мулоқот омодагии худро барои таҳкими муколамаи сиёсии сатҳи олӣ, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ байни ду кишвар изҳор доштанд. Пас аз анҷоми мулоқотҳои сатҳи олӣ Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус ва 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муҳимтарини он Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ равобит бо ҳамсояи дигарамон – Ҷумҳурии Қирғизистон дар доираи мувофиқаҳои қаблан ҳосилшуда идома ёфтанд. Дар қиёс бо дигар самтҳои ҳамкорӣ, ки мунтазам рушд меёбанд, масъалаҳои марбут ба сарҳад ҳамоно мавзӯи баҳс миёни ду кишвар боқӣ мемонад.

26 апрели соли 2019 дар ш.Пекин мулоқот байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаноби С.Жээнбеков дар чаҳорчӯбаи Форуми дуюми ҳамкории байнламилалии “Як камарбанд, як роҳ” доир гардид. Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи рушди робитаҳо дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ табодули андеша карданд.

Ба ғайр аз ин дар давраи ҳисоботӣ чанд вохӯрии дигар байни вазирони корҳои хориҷии ду кишвар анҷом пазируфтанд. Зимни ҳама мулоқотҳо зарурати ҳалли ҳар чи зудтари масъалаҳои сарҳадӣ ва имзои санадҳои марбут байни Тоҷикистон ва Қирғизистон таъкид гардид. 

Ҳамчунин дар ин давра як силсила мулоқотҳои ҳайатҳои ду кишвар оиди баррасии масъалаҳои сарҳад баргузор гардиданд.  

Тоҷикистон ба манзури барқарор намудани муносибатҳои ҳасана бо Туркманистон кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Дар ин робита 30 майи соли равон дар шаҳри Ашхобод дар остонаи  Шӯрои Сарони  Ҳукуматҳои ИДМ мулоқоти Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо Президенти Туркманистон Г.Бердимуҳаммедов баргузор гашт.

Муносибатҳои бисёрҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии кишвар маҳсуб мегардад, дар ин марҳила бемайлон таҳкиму густариш ёфтанд. 5 апрели соли 2019 дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кард.

Самти ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистон дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ низ аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишварамон мебошад. Дар ин робита дар давраи ҳисоботӣ кор дар самти ҳамкориҳои сиёсӣ, густариш ва такмили рукнҳои таркибии иртибототи ҳарбӣ-низомӣ, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аслиҳа ва дигар хатару таҳдидҳои муосир, ки аз самтҳои асосии фаъолияти СААД маҳсуб мешаванд, идома ёфтанд.

 Дар шаш моҳаи аввали соли ҷорӣ робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ бо як қатор кишварҳои ҳавзаи Осиёву Африка идома ва густариш пайдо карданд. Дар давраи гузоришӣ масоили рушди робитаҳои дуҷонибаи судманд дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва илмию фарҳангӣ бо Афғонистон мавриди пайгирии мунтазам қарор доштанд. Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ 17-18 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар Конфронси сатҳи баланди “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” ва ҳафтумин нишасти вазирони корҳои хориҷии “Муколамаи Осиёи Марказӣ+Япония” иштирок карда бо роҳбарияти олии кишвар мулоқотҳо гузарониданд.  

Дар самти ҳамкориҳо бо Афғонистон лозим ба таъкид аст, ки ба таври муътадил идома доранд ва дидорҳои расмию корӣ дар сатҳҳои гуногун анҷом мегиранд.

Дар нимсолаи якуми 2019 дар самти фаъолиятҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон сафари ҳайатҳо ва вохӯриҳои муҳимми дуҷониба дар сатҳҳои гуногун баргузор ва зимни онҳо доираи васеи масоили марбут ба таҳкиму густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин росто муҳимтарин рӯйдод ширкати Президенти ҶИЭ Ҳ.Рӯҳонӣ дар Панҷумин иҷлоси сарони давлатҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) (15-уми июн, Душанбе) бино ба даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мулоқоту гуфтушунидҳои ду роҳбари давлат ва ҳайатҳои ду кишвар ба шумор меравад.

Рӯйдоди дигар, сафари расмии вазири корҳои хориҷӣ ба Эрон, ки бино ба даъвати Вазири умури хориҷаи ҶИЭ аз 31 май то 2 июни соли ҷорӣ баргузор гардид, заминаҳоро барои беҳбуди робитаҳо фароҳам овард. Дар доираи сафари Вазири корҳои хориҷӣ ба Эрон дидору гуфтушунидҳо бо Президенти ҶИЭ Ҳ. Рӯҳонӣ ва Вазири умури хориҷа М.Ҷ.Зариф, раиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Эрону Тоҷикистон, инчунин Вазири нерӯи Эрон Р.Ардакониён сурат гирифтанд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар давраи гузоришӣ бо саъю талоши ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистону Эрон хатсайри Машҳад-Душанбе-Машҳад аз нав фаъол гардид.

Дар ин давра ҳамкориҳои  дуҷониба миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин мисли солҳои пешин фаъол ва пурмуҳтаво буданд. Имрӯз Чин бузургтарин сармоягузор ба иқтисоди Тоҷикистон ва аз муҳимтарин шарикони тиҷоратии кишвари мо маҳсуб мешавад. 25-29 апрели соли 2019 сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Пекин ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми сатҳи олӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” ва Намоиши байналмилалии ЕХРО-2019 баргузор гардид. 26-27 апрели соли ҷорӣ Пешвои миллат дар вохӯрии сатҳи олӣ  ва се мизи мудаввари Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” иштирок карда, суханронӣ намуданд.

28 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Пекин дар ҳошияи сафари корӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот карданд. Дар маҷмӯъ роҳбарони давлатҳо масъалаҳои ҳамкории шарокати стратегӣ ва муносиботи дӯстию ҳамҷавории Тоҷикистону Чин, ҷалби сармояи чинӣ барои рушди соҳаҳои саноати кӯҳӣ, энергетика, нақлиёт ва бахши кишоварзӣ, зарурати таъсиси Фонди сармоягузории мушатарак ҷиҳати дастгирии молиявии лоиҳаҳои хурду миёнаи саноатӣ, ҳамкорӣ дар бахши нақлиётию транзитӣ бо бунёди роҳҳои дорои аҳаммияти минтақавӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маъданҳо баррасӣ карда шуд.

Ҳамзамон 15 июни соли ҷорӣ дар Қасри миллат маросими истиқболи расмии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва ҳайати ҳамроҳикунандаи ӯ баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот паҳлӯҳои равобити дуҷонибаи кишварҳо, инчунин масъалаҳои умдаи минтақавию байналмилалӣ низ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Қобили қайд аст, ки зимни сафари давлатии Раиси Чин ба Тоҷикистон 18 санади дуҷониба ба имзо расид.

Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои дигари Осиёи ҷанубу шарқӣ, мисли Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея, Малайзия, Ҷумҳурии Муғулистон, Таиланд, Ветнам ва ғайра дар заминаи табодули сафарҳои ҳайатҳои гуногунсатҳ, табодули лоиҳаҳои санадҳои дуҷониба ҷиҳати тақвияти заминаи шартномавиву ҳуқуқии муносибатҳо, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва иштироки фиристодагони Тоҷикистон дар давраҳои омӯзишӣ ҷараён гирифтанд.

Дар самти муносибатҳои  Тоҷикистон бо Япония бояд зикр намуд, ки 17 майи соли ҷорӣ дар Душанбе таҳти раисии Тоҷикистон ва бо иштироки вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Япония ва муовини ВКХ-и Туркманистон, инчунин ба ҳайси меҳмони фахрӣ Вазири корҳои хориҷии Афғонистон нишасти 7-уми Муколамаи вазирони корҳои хориҷии «Осиёи Марказӣ+ Япония» баргузор гардид. Дар фарҷоми Муколама санади ниҳоӣ –Изҳороти муштараки нишасти 7-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ+Япония» қабул гардид.

18 майи соли 2019 сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Япония Таро Коно ба Тоҷикистон ва мулоқоти ӯ бо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ ду санади грантӣ оид ба ҷудо намудани мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва мошинҳои махсуси барфтозакунӣ ба Тоҷикистонро ба имзо расониданд.

Дар давраи гузоришӣ муносибатҳо бо кишварҳои арабии Халиҷи Форс, ба вежа Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Давлати Кувайт ва Давлати Қатар дар ҳоли тавсеа қарор доштанд. Сафари ҳайатҳои баландпояи он кишварҳо ба Тоҷикистон, аз ҷумла сафари кории Амири Давлати Қатар Шайх Тамим Оли Сонӣ ба Душанбе ҷиҳати иштирок дар Панҷумин иҷлоси Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва музокироти ӯ бо Пешвои миллат (15 июн) муҳимтарин рӯйдод дар раванди таҳкиму тавсеаи робитаҳои дуҷонибаи сиёсӣ бо кишварҳои минтақаи мазкур дар давраи гузоришӣ маҳсуб меёбад. Дар ҷараёни мулоқоти мазкур масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Қатар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бояд таъкид намуд, ки зарфияту имкониятҳо барои афзоиши ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷи Форс фаровон аст. Аз ҷумла бисёре аз кишварҳои минтақаи мазкур барои воридоти фаровардаҳои кишоварзии Тоҷикистон рағбат доранд, вале мушкилоти логистикӣ ва набудани зерсохтори зарурӣ ба ин кор монеъ мешавад. 

Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар нимсолаи якуми соли равон аз рӯи якчанд самтҳо идома ёфта, дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо масъалаи воридшавии Тоҷикистон ба Низоми умумии бархӯрди тиҷорати GSP+ (дарёфти имтиёзҳои таърифаҳои гумрукии Иттиҳоди Аврупо) бо масъулони Иттиҳоди Аврупо мавриди пайгирии пайвастаи Вазорат қарор гирифт. Дар ин самт 11-13 феврали соли 2019 ҳайати коршиносони Мудирияти кулли бахши савдои Комиссияи Аврупо ва Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо ба Душанбе сафар намуд.

Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ зимни мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Питер Буриан моҳи марти 2019 дар Душанбе матраҳ гардид. Ҷонибҳо роҳҳои тақвияти кӯмаки Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ва мутобиқ гардонидани кӯмак ба авлавиятҳои "Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон" ва "Стратегияи нави ИА барои Осиёи Марказӣ"-ро, ки моҳи июни соли ҷорӣ қабул карда шуд, муҳокима намуданд.

Инчунин 29-30 майи соли 2019 Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Зимни ин сафар вохӯрии хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Туск ва музокироти васеи ҳайатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. 30 майи соли 2019 Доналд Туск аз кӯли Сарез ва ноҳияи Дарвоз дидан кард.

Аксари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, мисли Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Фаронса, Италия, Австрия, Британияи Кабир, Маҷористон, Чехия ва ғайра аз шарикони муҳим ва кумакрасони Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо ба шумор мераванд ва равобити бисёрсамта бо онҳо дар давраи ҳисоботӣ идомаи мантиқӣ доштанд.

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ дар давраи гузоришӣ тавсеа пайдо карданд. 28 март мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо муовини аввали ёрдамчии Котиби давлатӣ Элис Веллс дар шаҳри Ню-Йорк доир гардид. Зимни мулоқот, аз ҷумла мавзӯъҳои ҳамкориҳои амниятӣ, кӯмакҳои низомӣ, иштироки ҳайати ИМА дар иҷлоси МҲТБО (15 июни соли 2019) ва конфронси сатҳи баланд зери унвони ҳамкорҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккил (16-17 майи соли 2019), нишасти гурӯҳи кории масоили амниятӣ дар қолаби С5+1 ва тафсири машваратҳои сиёсӣ матраҳ гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ  кишвари мо ҳамкориҳои худро бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ густариш бахшид. Аз ҷумла, нимаи дуюми моҳи марти соли ҷорӣ сафари Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Ню-Йорк доир гардид, ки зимни он, мулоқот бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш танзим карда шуд. Ҳангоми вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва СММ, аз ҷумла вазъ дар минтақа ва Афғонистон, мубориза бо терроризм, ҳамкорӣ дар пешбарии татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак муҳокима шуданд.

Гузашта аз ин, ҳайати мо 28 марти соли 2019 дар чорабинии сатҳи баланди МУ СММ таҳти унвони “Иқлим ва рушди устувор барои ҳама” ширкат намуда, дар суханронии худ дар бораи таъсири фазояндаи тағйироти иқлим ба муҳити зист, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори назар кард. Ҳамчунин ширкаткунандагонро бо натиҷаҳои чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони “Пайванди байни об ва иқлим”, ки 27 март бо ибтикори ҳайати Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ баргузор гардид, шинос намуд.

Тайи давраи ҳисоботӣ ҳамкорӣ бо Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (CICA) дар ростои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмони минтақавӣ идома ёфта, ба масоили марбут ба ташкил ва баргузории Панҷумин иҷлоси он ниҳод, ки 15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе таҳти шиори “Бо назари нек ба сӯи амният ва шукуфоии бештари минтақаи МҲТБО” доир гардид, тамаркуз карда шуд. Қайд кардан зарур аст, ки дар иҷлоси сарон 38 ҳайат (бо шумули Ҷумҳурии Тоҷикистон), аз ҷумла 13 ҳайат дар сатҳи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо иштирок намуданд. Ҳамин тавр, Панҷумин иҷлоси сарони МҲТБО бо қабули якдилонаи Эъломияи Душанбе аз ҷониби сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои узви Машварат дар сатҳи шоиста ба итмом расид.

Дар самти ҳамкориҳои Тоҷикистону ЮНЕСКО бояд қайд кард, ки  28 феврали соли 2019 дар бинои Вазорати корҳои хориҷӣ мулоқоти машваратӣ миёни намояндагони ЮНЕСКО ва сохторҳои дахлдори кишвар ҷиҳати муҳокимаи лоиҳаи “Коҳиши осебпазирии аҳолӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз хатари кӯлҳои пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим” баргузор гардид. Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳаи мазкур дар нимаи дуюми соли 2019 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз гардад. Дар давраи ҳисоботӣ 3 лоиҳа, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар асоси Барномаи иштироки ЮНЕСКО пешниҳод гардида буданд, дастгирӣ ёфтанд. Бояд қайд намуд, ки лоиҳаҳои “Хушунати хонаводагӣ: таҷриба, тадқиқот ва пешгирӣ” ва “Геопаркҳои ЮНЕСКО: минтақаҳои имконпазири Тоҷикистон ҳамчун номинатсияҳои эҳтимолӣ” аз ҷониби  Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО пешниҳод гардида, интизор меравад, то дар давоми нимсолаи дуюми соли 2019 татбиқ гарданд.

12 июни соли 2019 ҷиҳати ворид намудани ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ ба феҳристи ҷашнҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2020-2021 ба ҷониби ЮНЕСКО пешниҳод шуд. Айни замон масъалаи мазкур мавриди омӯзиши шуъбаи дахлдори ЮНЕСКО қарор дорад. Интизор меравад, ки то охири соли равон посухи ЮНЕСКО дар ин мавзӯъ низ дастрас гардад.

Тибқи маълумоти Котиботи ЮНЕСКО, дар таърихи 8 марти соли равон пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон дар бораи ворид намудани ҷашни 700-солагии Камоли Хуҷандӣ ба Феҳристи таҷлили ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2020-2021 дар давраи якум қабул гардидааст. Ҷиҳати ворид гардидан ба Феҳристи мазкур пешниҳоди ҷониби мо бояд дар рафти иҷлоси навбатии Конфронси умумии ЮНЕСКО тасдиқ гардад.

Дар доираи ҳамкориҳо бо САҲА бояд қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ Тоҷикистон дар Форуми ҳамкории САҲА (FSC) раисӣ намуд. Қобили зикр аст, ки дар ин раванд 8 майи соли 2019 дар Вена Тоҷикистон барномаи раисии худро дар ин Форум пешниҳод намуд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ барномаи Раёсати Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба масъалаҳои маъмулии рӯзномаи Форуми ҳамкории САҲА (FSC), аз қаб или чолишҳо дар таъмини амният дар марзҳо, мудирияти силоҳи сабуки оташфишон ва захираҳои муҳиммоти маъмулии низомӣ, поксозӣ аз минаҳо ва мусоидати кишварҳои САҲА дар татбиқи қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ 1540 ва 1325 амалӣ гардид. Илова бар ин масъалаҳои амнияти минтақавӣ, пеш аз ҳама мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, инчунин таҳкими ҳамкорӣ миёни САҲА ва созмонҳои минтақавӣ аз қабили СҲШ, СААД, МҲТБО ва Иттиҳоди Аврупо бо таъкид ба нуктаҳои муштараки равобити онҳо дар Осиёи Марказӣ дар барномаи мазкур мавқеи хос доштанд.

Дар давраи раёсати кишвар 10 нишасти умумӣ, 7 муколама оид ба масъалаҳои амниятӣ, 1 нишасти муштараки FSC ва Шӯрои доимии САҲА, 10 мулоқоти кории гурӯҳи «сегона» ва 7 иҷлоси гурӯҳҳои кории FSC баргузор гардиданд. Инчунин таҳти раёсати Тоҷикистон иҷлоси 8-уми солонаи баррасии раванди татбиқи Кодекси рафтори САҲА ва иҷлоси сеюми кории Конфронси солонаи шарҳи масъалаҳои амниятӣ дар соли 2019 бомуваффақият баргузор гардиданд.

Бо даъвати раёсати Тоҷикистон 19 намояндаи воломақом аз ҳукуматҳо, созмонҳои минтақавӣ, доираҳои илмӣ ва коршиносон аз Бишкек, Брюссел, Вашингтон, Дублин, Душанбе, Мадрид, Минск, Москва, Нур-Султон, Ню-Йорк ва Пекин ба қароргоҳи САҲА, шаҳри Вена сафар карда, дар муколамаҳо оид ба масъалаҳои амниятии FSC ба сифати суханварони калидӣ гузоришҳо ироа карданд. Ба раёсати Тоҷикистон муяссар гардид, ки бори нахуст ба кори Форуми мазкур дар як вақт роҳбарони шаш созмони минтақавиро ҷалб намуда, ба онҳо ҷиҳати мубодилаи афкор ва пешниҳодҳо роҷеъ ба таҳкими муколама бо САҲА дар Осиёи Марказӣ шароит фароҳам оварад.

24 июли 2019 дар Вена иҷлоси хотимавии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC) таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар иҷлос намояндагони ҳайатҳои як қатор кишварҳо бо ҷонибдорӣ аз барномаи раёсати кишвар суханронӣ намуданд.

 Вазорат дар нимсолаи якуми 2019 бо мақсади густариши равобити иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати таъмини шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувор иқдомҳои муайянро роҳандозӣ намуд. Бо мақсади ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишварамон 20 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси ширкати машваратӣ-консалтингии «Тоҷсармоя», Форуми байналмилалии сармоягузорӣ таҳти унвони «Сармоя ва соҳибкорӣ дар шароити муосири иқтисодӣ» баргузор гардид, ки дар он бо мусоидати Вазорат ва намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар иштироки зиёда аз 60 сармоягузори хориҷӣ таъмин гашт.

Дар якҷоягӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба тадорукоти Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” 2018-2028, ки қарор аст соли 2020 дар Душанбе баргузор гардад, лоиҳаи қарори дахлдор таҳия ва ба Ҳукумати кишвар барои тасдиқ пешниҳод гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон бо шарикони он дар нимсолаи якуми соли 2019, 33 санади дуҷониба ба имзо расида, дар маҷмӯъ 9 санади байналмилалии ҳуқуқии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо намуданд.

Бояд зикр кард, ки  то нимсолаи 2019 шумораи кишварҳое, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудаанд, ба 173 расидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳамкории Вазорат бо ВАО-и хориҷӣ ҷиҳати ба қайдгирӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо дар кишвар ба таври муътадил ҷараён гирифт. Дар ин давра хабарнигорони расонаҳои иттилоотии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Россия, Қазоқистон, Афғонистон, Эрон, Британияи Кабир, ИМА,Фаронса, Хитой  Қатар, Ҷопон ва дигар кишварҳои ИДМ сабти ном шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мусоидати Вазорат дар ҷараёни баргузории Конфронси сатҳи баланд “Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” (16-17.05.2019) ва 7-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи “Осиёи Марказӣ+Япония” (17-18.05.2019) ҳудуди 400 хабарнигор аз расонаҳои мухталиф иштирок ва рафти ин нишастҳои муҳимро инъикос намуданд.

Ҳамзамон ҷараёни кори Панҷумин иҷлоси сарони узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро (15 июни 2019) 650 нафар намояндаи ВАО-и дохил ва хориҷ инъикос карданд. Бояд қайд кард, ки доир ба баргузории иҷлоси мазкур беш аз 300 хабару гузоришҳо дар расонаҳои бонуфузи зиёда аз 30 давлати дунё бо аксҳо ва наворҳои видеоӣ ба таври густурда инъикос гардиданд.

Ҳозирини гиромӣ,

Ин буд ба таври мухтасар чанде аз натиҷаҳои фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ дар нимсолаи якуми соли 2019. Ин давра барои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли бобарор буд ва барои афзудани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳон мусоидат намуд.

Дар нимсолаи дуюми соли 2019 низ моро вазифаҳои муҳим ва масъулиятноке интизоранд, ки бояд саъй кунем онҳоро бо сари баланд ва ба нафъи кишварамон анҷом диҳем. Бо иқдоми Пешвои миллат мавзӯи захираҳои об дар рӯзномаи Созмони Милали Муттаҳид устувор гардида, моро зарур аст, ки ҳамчун ҷониби ташаббускори масъалаҳои вобаста ба об дар сатҳи глобалӣ амалӣ гардонидани ҳадафу вазифаҳои даҳсолаи навро мунтазам пайгирӣ кунем.

Кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломативу консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дар давоми соли ҷорӣ ҷиҳати баргузории бомуваффақияти чорабиниҳои дар пеш истода ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат баҳри пешбурди манфиатҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба саъйу талош намуда, тамоми донишу маҳорати худро равона хоҳанд кард.

 

Барои диққататон ташаккур!

Галерея

Календарь