Ба таваҷҷуҳи муҳтарам шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!

11.10.2022 10:54

Дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби шахсони номаълум саҳифаи  қалбакии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорат ва консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо мақсади ғаразнок ва фиребгарӣ сохта шудааст. Дар саҳифаи мазкур “АНКЕТА” нашр шуда, мардумро  барои пур кардани он даъват намудаанд ва аз ҳар тоҷикистонии дар Русия буда талаб гардидааст, ки 893 рубли русиро пардохт намуда, “кӯмаки якдафъинаи молиявӣ”-ро ба маблағи 12 130 рубли русӣ ба даст орад.
Ҳадафи ин гуна шахсон ба даст овардани манфиат буда, барои ғаразҳои нопокашон бо нашри ҳар гуна ҳуҷҷатҳо ва наворҳои бардурӯғ  ҳамватанонро  фиреб медиҳанд.
Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ба чунин саҳифаҳои қалбакӣ бовар накунед, то ба доми фиреби қаллобон наафтед!

Галерея

Календарь

  • business-portal_thumb.jpg