Дар Москва доир ба нақши занон дар тарбия ва ташаккули худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонону наврасони тоҷик дар замони муосир ҳамоиш доир шуд

23.10.2023 17:06

Бо ташаббуси Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, тарбия намудани насли ҷавон дар руҳияи худшиносӣ, гиромидошти арзишҳои миллию давлатдорӣ, муттаҳидсозии неруи занону духтарон барои тарбияи насли ҷавони кишвар, гиромидошти арзишҳои ахлоқӣ байни занони тоҷик дар хориҷи ҷумҳурӣ, дар мавзӯи “Нақши занон дар тарбия ва ташаккули худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонону наврасон дар замони муосир” ҳамоиш баргузор гардид.
 
Дар ҳамоиш масъулини Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, аъзои котиботи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, роҳбарони гуруҳҳои кории назди Шӯрои ҷамъиятӣ, намояндагони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Москва, олимону муҳаққиқон, ҷамъиятшиносон, занони фаъоли муқими шаҳри Москва ва вилояти он, роҳбарони гуруҳҳои занони фаъол дар давлати иқомат иштирок ва вобаста ба масъалаи мазкур андешаронӣ намуданд.
 
Барои иштирокдорони ҳамоиш  вобаста ба мавзӯҳои  “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа”, “Саҳми занон дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар замони муосир: мушкилот ва роҳҳои ҳалли масъала”,  “Роҳҳои муттаҳидсозии неруи занон барои мустаҳкам намудани пояҳои ахлоқии ҷомеаи дунявӣ”, “Нақши занон дар рушд ва гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ ва анъанаҳои миллӣ” ва  “Саҳми занон дар пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароиву террористӣ” маърӯза карда шуда,  роҳҳои пешгирӣ, мусоидат ба ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дар байни наврасону ҷавонон, истифодаи усулҳои муосир дар тарбияи насли наврас, корбурди усулҳои гуногун баҳри баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандории насли ҷавони тоҷик дар хориҷи кишвар баррасӣ гардид.

Галерея

Календарь

  • business-portal_thumb.jpg