Роҷеъ ба марги як нафар шаҳрванди Тоҷикистон  дар Шарқи Дури Россия

08.11.2023 18:24

Сафорат аз қазияи марги  як  нафар шаҳрванди Тоҷикистон,  ки 3 ноябри соли ҷорӣ бар асари таркиш дар хиёбони Вершагина, шаҳраки Седанкаи ноҳияи Советскии минтақаи Приморскии Шарқи Дури Россия ба  ҳалокат расид, хабардор  буда, ҳамдардии амиқи хешро ба наздикони фавтида изҳор менамояд.
Бо мусоидати Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск ва ҷамъияти тоҷикон ҷасади  шаҳрванди  фавтида ба Ватан интиқол дода мешавад.
Дар ҳодисаи мазкур ҳамчунин як нафар шаҳрванди Тоҷикистон  ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардид. Ба шаҳрванди осебдида ҳамаи кӯмакҳои зарурӣ расонида мешаванд.
Сафорат ва Консулгарии генералӣ бо мақомоти дахлдори Федератсияи Россия барои муайян кардани ҷузъиёти қазияи мавриди назар дар ҳамкории зич қарор доранд.

Галерея

Календарь

  • business-portal_thumb.jpg