8 ноябри соли 2023 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия вохӯрии 11-уми котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ҳайатҳои кишварҳои Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Казоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Молдова иштирок намуданд.
Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар нишасти мазкур ширкат варзид.
Дар нишаст котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои иштирокдори ИДМ масъалаҳои хавфу таҳдидҳо ба амнияти байналмилалӣ дар ҷаҳон ва дар фазои ИДМ, таъмини суботу оромии кишварҳои ИДМ дар шароити афзоиши таҳдидҳои гибридӣ, масъалаҳои истифодабарии об ва ҳамкорӣ дар соҳаи идора, истифода ва ҳифзи муштараки захираҳои об мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон оид ба масъалаҳои баррасишуда Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Дар ҳошияи чорабинӣ котибони шӯроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия нақшаи ҳамкориҳои дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти ҳарду кишварро барои солҳои 2024-2025 ба имзо расониданд.