1-4 ноябри соли ҷорӣ дар Академияи илмҳои Русия Форуми академии олимони ҷавони мамлакатҳои Авруосиёи Бузург «Қитъаи илм» баргузор гардид, ки дар он олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ иштирок намуданд. Олимони ҷавони Академияи миллии илмҳо бо маърузаҳои илмӣ баромад намуда, сазовори ҷойҳои 1 ва 3, инчунин сертификату дипломҳои Кумитаи тадорукоти форум дониста шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки форум бахшида ба 300-солагии Академияи илмҳои Русия дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассотсиатсияи байналмилалии академияҳои илмҳо доир гардида, ҳадафи он фароҳам овардани платформаи муоширати ҷавонони боистеъдод дар фазои мушорикати бузурги Авруосиё, муҳокимаи мушкилоти муосири илмӣ, барқарор намудани равобиту тамосҳои нави касбӣ, табодули таҷриба ва омӯзиши имконоти гузаронидани таҳқиқоти муштарак арзёбӣ мегардад.
Дар форуми имсола ҷуғрофиёи иштирокчиён васеъ шуда, олимони ҷавон аз Тоҷикистон, Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон, Арманистон, Озарбойҷон, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон, Ветнам, Индонезия, Покистон, Сербия, Венгрия, Эфиопия, Миср ва Сурия дар он фаъолона иштирок намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки Форуми академии олимони ҷавони мамлакатҳои Авруосиёи Бузург «Қитъаи илм» ҳамасола дар шакли ҳузурӣ баргузор шуда, ҷиҳати табодули таҷриба, ташаккули фазои ягонаи илмию технологӣ ва таҳкими робитаҳои илмию техникии олимони ҷавон мусоидат менамояд.