11 январи соли 2024 бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 2 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар манъи вуруд доштан ба Федератсияи Россия, дар минтақаи Абхазия дармонда буданд, ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия интиқол ёфта, тариқи хатсайри Сочи-Душанбе ба Ватан баргардонида шуданд.
Зимни сафар ба Тоҷикистон, ба шаҳрвандон аз ҷониби Сафорат кӯмакҳои зарурӣ расонида шуд.