Муҳтарам ҳамватанони азиз

20.03.2020 10:04

Муҳтарам ҳамватанони азиз,

Бо арзи эҳтиром ба таваҷҷӯҳи Шумо мерасонем, ки бо дарназардошти сар задани бемории коронавирус (COVID -19) ва эълон гардидани ҳамагирии ҷаҳонӣ (пандемия) аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии беҳдошт дар ин робита, дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон чораҳои пешгирикунанда андешида шуда, талаботи беҳдоштию эпидемиологии махсус дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ҷорӣ гардидаанд.

Бояд тазаккур дод, ҳамаи ҳамватанони бурунмарзӣ дар ҳавзаи Консулгарии генералӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус эҳтиёткориро дар ҷойи кор ва хонаводаи худ роҳандозӣ кунанд, бо дарназардошти тавсияҳои кишвари иқомат амал кунанд, маводи лозимиро ҷиҳати таъмини  тозагӣ ва гигиена харидорӣ ва аз ҳузур дар ҷойҳои серодам ва чорабиниҳову ҷамъомадҳо канораҷӯӣ намоянд.

Ҳамзамон хоҳиш карда мешавад, ки аз иштирок ва баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ худдори намоянд.

Ҳамчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ аз сарчашмаҳои расмии кишвари иқомат малумотҳои зарурӣ ва тавсияҳо ба шаҳрвандон оид ба роҳҳои пешгирии шуюи коронавирус роҳандозӣ карда шавад.

Коронавирус 2019-nCoV мансуби оилаи Коронавирусҳо буда, ҳамчун инфексияи зоонозӣ ба ҳисоб меравад. Аз рӯи маълумотҳои Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, вирус дорои хосиятҳои мутатсионӣ (тағйирпазирӣ) буда, ҳолатҳои аз одам ба одам сироятёбӣ низ қайд шудааст. Айни ҳол ин вирус барангезандаи эпидемия дар якчанд шаҳрҳои Чин мебошад. Вирус якум бор моҳи декабри соли 2019, дар шаҳри Уҳони мамлакати Чин ба қайд гирифта шудааст. Дар асоси маълумотҳои оморӣ ҳолатҳои зиёди сироятёбӣ қайд шудааст ва якчанд ҳолати фавт низ ҷой дорад. Паҳншавии коронавирусро дар Фаронса, Ҷопон, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ ва дар якчанд давлатҳои дигар мушоҳида намуданд. Хушбахтона, бо чорагирии саривақтии Ҳукумати кишварамон, дар Тоҷикистон ҳолатҳои сироятёбӣ қайд нашудааст. Аммо бо вуҷуди ин мебоист роҳҳои пешгирӣ ва саривақт ошкор намудани ин коронавирусро ҳатман донист.

РОҲҲОИ СИРОЯТЁБӢ:

1. Иртибот бо шахси бемор;

2. Тавассути ҳаво ва оби даҳони шахси сироятёфта;

3. Ҳангоми сару кор бо косаву табақи бемор;

4. Зимни иртибот бо ҳайвони сироятёфта;

АЛОМАТҲОИ БЕМОРӢ:

1. Сулфаю атсаи зиёд;

2. Баландшавии ҳарорати бадан;

3. Нафастангӣ;

4. Пневмония;

5. Қайкунӣ;

6. Дарунравӣ;

ОРИЗАҲОИ БЕМОРӢ:

1. Норасогии шушӣ;

2. Норасогии кори гурдаҳо;

РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ:

1. Қоидахои беҳдошти дастонро риоя кунед! Дастҳоятонро баъди ташноб, пеш аз таом хўрдан, баъди алоқа бо бемори сироятёфта ҳатман бо собун шӯед.

2. Пўшидани ниқобҳои тиббиро дар мавзеҳои серодам фаромўш накунед!

3. Бо ҳайвону паррандаҳҳои ёбоӣ ва шахсони сироятёфта аз алоқа парҳез намоед!

4. Ҳангоми атса ё сулфа бо кафи дастон ё сачоқи намнок (влажная салфетка) даҳонатонро пӯшед!

5. Ҳамагуна меваҷот ва сабзавотро пеш аз истеъмол дар об бодиққат шӯед!

6. Солимии баданро нигоҳ доред, дар ҳолати гирифтори ягон беморӣ будан, зуд паи табобаташ шавед!

Инак, чи хеле мушоҳида кардед, роҳҳои пешгирии ин беморӣ риояи оддитарини қоидаҳои беҳдошти саломатӣ мебошад. Ваксина зидди ин беморӣ то ҳол коркард нашудааст, аммо табобати ин беморӣ бо маводҳои доруворӣ имконпазир аст ва ҳолатҳои табобати пурраи беморон низ қайд гардидааст. Қатъиян риоя намудани ин қоидаҳоро ба шумо тавсия медиҳем.

 

 

Консулгарии генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 дар шаҳри Новосибирск

Галерея

Календарь

  • business-portal_thumb.jpg