Маълумот барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

26.04.2021 13:00

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд ва бо ҳар сабабҳо худро ба қайди ҷойи зист нагирифтаанд, ғайриқонунӣ фаъолият менамоянд, инчунин ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, зарур аст, ки ба шӯъбаҳои Сарраёсати Вазорати корҳои дохилӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Федератсияи Россия (ГУ МВД РФ) дар маҳалли истиқоматашон муроҷиат намуда, сабти ном кунанд ва будубоши худро дар Федератсияи Россия қонунӣ намоянд. Ҳамчунин, шаҳрвандон метавонанд патентҳои кории худро тамдид ё аз нав таҳия намоянд.

Шахсоне, ки то 15 июни соли 2021 будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Россия ба расмият намедароранд, ба таври автоматӣ ба рӯйхати шахсоне шомил мешаванд, ки вурудашон ба қаламрави Федератсияи Россия манъ мебошад.

Дар ҳолати тафтиш аз ҷониби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия, чунин шаҳрвандон аз Россия барои солҳои тулонӣ хориҷ (депортация) карда мешаванд.

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳои иловагӣ ё кӯмакҳои ҳуқуқӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба рақамҳои телефонӣ ё почтаи электронии Консулгарии генералӣ дар ш. Новосибирск дар тамос шаванд.

 

Тел:   +7 (383) 305 44 61

+7 (383) 305 44 63

E-mail: tajgencons.nsk@mfa.tj

Ҳамчунун, иттилоъ медиҳем, ки дар рӯзҳои таътил дар Федератсияи Россия, аз 1 то 10 майи  соли 2021, Консулгарии генералӣ дар шаҳри Новосибирск тибқи тартиби корӣ фаъолият намуда, қабули шаҳрвандон аз рӯи реҷаи амалкунанда ба роҳ монда мешавад.

 

          ДУШАНБЕ                09:00 – 17:00

  

          СЕШАНБЕ                09:00 – 17:00

         

          ЧОРШАНБЕ              09:00 – 17:00

         

          ПАНҶШАНБЕ          09:00 – 17:00

         

          ҶУМЪА                    09:00 – 17:00

 

          ШАНБЕ                      09:00 – 12:00

        

          ЯКШАНБЕ                 ИСТИРОҲАТӢ

Галерея

Календарь

  • business-portal_thumb.jpg