Маълумот барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

25.05.2021 13:50

9 - 11 июни соли 2021, сафари кории кормандони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия ба кишвари Алтай баргузор мегардад.

Ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишвари Алтай кору фаъолият мекунанд расонида мешавад, ки зимни сафар дар шаҳри Барнаул қабули шаҳрвандон баргузор мегардад.

Шаҳрвандон метавонанд, ҷиҳати қабул ва баррасии дархостҳояшон тариқи телефонҳои: +7 913 487 38 22 ва + 7 (383) 305 44 61, инчунин суроғаи электронии Консулгарии генералӣ - tajgencons.nsk@mfa.tj тамос гиранд.

 

Галерея

Календарь

  • business-portal_thumb.jpg