Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия иттилоъ медиҳад, ки тадбирҳои муваққатии аз ҷониби Президенти Федератсияи Россия ҷоришуда, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ имкони танзими намудани вазъи ҳуқуқии худро бо мақсади ба таври қонунӣ анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ бидуни тарк кардани қаламрави Федератсияи Россия медод, 31 декабри соли 2021 ба охир расид ва аз 1 январи соли 2022 шахсоне, ки будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Россия ба расмият надаровардаанд, аз ҷониби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия боздошт ва хориҷ (депортация) карда мешаванд.
Бинобар ин, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар минтақаҳои Сибир ва Шарқи Дур қарор доранд ва худро ба қайди ҷойи зист нагирифта, ғайриқонунӣ фаъолият менамоянд, инчунин ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, зарур аст қаламрави Федератсияи Россияро бо хоҳиши худ тарк намоянд.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ва ё зарурати кӯмакҳои ҳуқуқӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба рақамҳои телефонӣ ва ё почтаи электронии Консулгарии генералӣ дар шаҳри Новосибирск дар тамос шаванд.
Тел: +7 (383) 305 44 61
+7 (383) 305 44 63
E-mail: tajgencons.nsk@mfa.tj