Идомаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар ш. Уфа

26.10.2022 23:50

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар шаҳри Уфа идома ёфта, 26 октябри соли 2022 дар Толори давлатии консертии  “Бошқирдистон”-и шаҳри Уфа бо иштироки устодони санъат, ҳунарпешаҳои халқӣ ва хизматнишондода, овозхонҳои маъруфи эстрадӣ ва навозандагони асбобҳои мусиқӣ маъракаи сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар ин маърака вакилони Маҷлиси давлатӣ - Курултаи Ҷумҳурии Бошқирдистон, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Бошқирдистон бо муовинонаш, Вазири муносибатҳои иқтисоди хориҷӣ ва фаъолияти конгрессии Ҷумҳурии Бошқирдистон, директори Кумитаи Ҷумҳурии Бошқирдистон оид ба корҳои ЮНЕСК, Муовини раиси Раёсати рӯҳониёни мусалмонони марказии Россия,  Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Уфа ва дигар намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Бошқирдистон, намояндагони ҷамъиятҳои миллии Ҷумҳурии Бошқирдистон, ҷамъиятҳои тоҷикони ҳавзаи консулӣ ва ҳамватанони, восоити ахбори омма ва аҳли илму фарҳанг иштирок намуданд.

Муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Бошқирдистон - Шафикова Амина Ивниевна ва Вазири муносибатҳои иқтисоди хориҷӣ ва фаъолияти конгрессии Ҷумҳурии Бошқирдистон - Боличева Маргарита Дмитриевна бо суханҳои шодбошӣ маъракаи тантавиро оғоз намуданд.

Инчунин, дар даромадгоҳи Толори консертӣ намоишгоҳи либосҳои халқӣ, маҳсули кори ҳунарҳои мардумӣ ва мусаввараҳои рассомони тоҷик ташкил карда шуд.

Толори давлатии консертии “Бошқирдистон” 837 ҷои нишаст дошта, аз ҷониби Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа зимни омодагӣ ба чорабинии мазкур мусоидати ҳамаҷониба ва саривақтии тадорукотию ташрифотӣ сурат гирифт.

Галерея

Календарь

  • business-portal_thumb.jpg