Интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

02.03.2025 19:38

Субҳи 2 марти соли 2025, соати 08:00 бо вақти маҳаллӣ дар Консулгарии Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд.

Ба ин участкаи интихоботӣ воқеъ дар маркази шаҳри Екатеринбург шаҳрвандони худшиносу меҳандӯсти Тоҷикистон, ки алҳол дар минтақаи Урал кору зиндагӣ мекунанд, барои овоздиҳӣ ҳозир шуда истодаанд.

Шаҳрвандон аз вилоятҳои Свердловск,  Тюмен, Челябинск, Курган, Округҳои мухтори Ханти - Мансийск ва Ямало- Ненетск ба бинои Консулгарӣ, масофаҳои калонро тай намуда, омаданд, то ки аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода баранд. 

Консулгарии Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ тамоми шароити заруриро андешида истодааст.

Галерея

Календарь

  • business-portal_thumb.jpg