20.01.2022 12:00
Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато иттилоъ медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори №464 аз 26 октябри 2021 «Дар бораи ҷорӣ намудани низоми бераводиди яктарафа нисбат ба баъзе давлатҳои хориҷӣ» қабул намуд.
Тибқи санади меъёрии ҳуқуқии мазкур, аз 1 январи 2022 барои шаҳрвандони 52 давлати хориҷӣ низоми бераводиди яктарафаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан, будубош ва аз ҶумҳурииТоҷикистон баромадан ба мӯҳлати 30 рӯз ҷорӣ карда мешавад.
Дар зер рӯйхати ин давлатҳо оварда шудааст:
- Австралия
- АМА
- Герсогии бузурги Люксембург
- Давлати Бруней Дорусалам
- Давлати Кувайт
- Давлати Қатар
- Зеландияи Нав
- ШМА
- Исландия
- Канада
- Конфедератсияи Швейтсария
- Малайзия
- Венгрия
- Ҷумҳурии Австрия
- Ҷумҳурии Аргентина
- Ҷумҳурии Федеративии Германия
- Ҷумҳурии Доминикан
- Ҷумҳурии Индонезия
- Ҷумҳурии Италия
- Ҷумҳурии Корея
- Ҷумҳурии Куба
- Ҷумҳурии Латвия
- Ҷумҳурии Литва
- Ҷумҳурии Малдив
- Ҷумҳурии Лаҳистон
- Ҷумҳурии Португалия
- Ҷумҳурии Сингапур
- Ҷумҳурии Туркия
- Ҷумҳурии Филиппин
- Ҷумҳурии Финляндия
- Ҷумҳурии Фаронса
- Ҷумҳурии Хорватия
- Чехия
- Ҷумҳурии Чили
- ҶДС Шри-Ланка
- Ҷумҳурии Эквадор
- Ҷумҳурии Эстония
- Ҷумҳурии Юнон
- Княздории Лихтенштейн
- Княздории Монако
- Шоҳигарии Арабистони Саудӣ
- Шоҳигарии Баҳрейн
- Шоҳигарии Белгия
- Шоҳигарии Дания
- Шоҳигарии Испания
- Шоҳигарии Нидерланд
- Шоҳигарии Норвегия
- Шоҳигарии Таиланд
- Шоҳигарии Ҳошимии Урдун
- Шоҳигарии Шветсия
- Ямайка
- Япония