«Хизматрасониҳои консулӣ»

06.10.2023 16:37

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон дар доираи салоҳияти худ хизматрасониҳои зеринро иҷро мекунад:
•    коркард ва судури раводиди Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд;
•    ҷамъоварии маълумоти биометрии шаҳрвандони Тоҷикистон барои барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ;
•    судури шаҳодатномаи таваллуд ва шаҳодатномаи акди никоҳ;
•    баррасии аризаҳои шаҳрвандон оид ба дархости аснод, маълумотномаҳо;
•    баррасии масъалаҳои шаҳрвандии Тоҷикистон;
•    судури шаҳодатномаи бозгашт ба Тоҷикистон;
•    таъйиди ҳуҷҷатҳо ва хизматрасониҳои нотариалӣ (дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон).
 
Шаҳрвандон оид ба дархости ҳуҷҷатҳо дар робита ба хизматрасониҳои консулӣ бояд мустақиман ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Ашхобод муроҷиат намоянд.
Эзоҳ: Дархостҳо дар робита ба хизматрасониҳои консулӣ дар рӯзҳои корӣ (Душанбе – Ҷумъа аз соати 09:30 то 12:30 ва аз 14:30 то 17:30) қабул карда мешаванд.
 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg