16 марти соли 2024 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон вохӯрӣ бо ҳамватанони бурунмарзии муқими шаҳри Ашқобод баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ аз ҷониби сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо Алибек роҷеъ ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 9 марти соли 2024 ироа гардиданд, шарҳу тавзеҳот дода шуд.
Дар ин робита ба риояи қатъии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», бахусус муҳиммияти таълиму тарбияи шоистаи фарзандон, ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Ҳамчунин зарурияти эҳтироми қонунҳо ва таъмини волоияти онҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, хусусан дар партави «Соли маърифати ҳуқуқӣ» таъкид гардид.