Сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид

12.04.2024 16:09

Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироӣ ба таври идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузашти ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди ду Пешвои миллӣ анҷом ёфт.

https://khovar.tj/2024/04/safari-rasmii-peshvoi-millii-hal-1i-turkman-raisi-hal-masli-atii-turkmaniston-gurbongul-berdimu-amedov-dar-um-urii-to-ikiston-o-oz-gardid/

 

 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg