Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ашқобод

25.01.2024 15:08

28 декабри соли 2023 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон, ҳамватанони муқими кишвари иқомат инчунин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, ки бо сафари корӣ дар Ашқобод қарор дорад, тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Баъди анҷоми Паём сафир Ниятбекзода Вафо Алибек бобати нуктаҳои асосии он сухан ронда, ба ҳуҷҷати стратегӣ будани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар заминаи он дигар нақшаву барномаҳо тарҳрезӣ мегарданд ва барои амалӣ шудани онҳо дар ин санади сарнавиштсоз имконият фароҳам оварда мешавад, ишора намуд.

Дар идома вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ роҷеъ ба паҳлӯҳои асосии Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, тазаккур дод, ки ироаи он дар остонаи Соли нави мелодӣ яке аз рукнҳои соҳибихтиёрӣ ва демократӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамзамон, мавсуф баён дошт, ки Паёми Пешвои миллатро на танҳо хидматчиёни давлатӣ, кормандони касбу кори гуногун, балки тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ дар дохил ва хориҷи кишвар интизор шуда, дастуру роҳнамоиҳои Президенти мамлакатро бар нафъи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон истифода мебаранд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg