22 сентябри соли 2022 дар ҳошияи иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар қолаби “С5+1” баргузор гардид.
Дар ҳамоиш ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду чолишҳои амниятӣ табодули афкор карда, дар ин росто ба зарурати тақвияти ҳамкориҳо байни кишварҳои минтақа таъкид карданд.
Дар нишасти мазкур Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштрирок ва суханронӣ намуд.