Хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

07.10.2022 21:16

7 октябри соли 2022 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Б.Абдилдаев ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват карда шуд.

Ба сафири Қирғизистон ёддошти эътирозии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба шарҳдиҳии сардори хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон супорида шуд.

Зимнан зикр гардид, ки ҷониби Тоҷикистон чунин изҳороти пасти котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистонро далели аз байн рафтани фарҳанги сиёсӣ ва набудани одоби оддии дипломатӣ арзёбӣ менамояд. Таъкид гардид, ки ин изҳороти намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон кӯшиши бесулуқаи он ҷониб баҳри талқини ақидаи бардурӯғи сабабҳои аслии таҷовузи мусаллаҳонаи Қирғизистон алайҳи Тоҷикистон ба афкори умум мебошад.

Ҳамзамон қайд гардид, ки чунин изҳороти дурӯя ба моҳият ва муқаррароти протоколҳое, ки рӯзҳои 19 ва 25 сентябри соли 2022 аз тарафи ҳамраисони Комиссияи муштарак имзо гардиданд, мувофиқат намекунад.

Зимни мулоқот доир ба зарурати ҳамкориҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз пайдо шудани хабарҳо дар фазои иттилоотӣ, ки ҷомеаи ҳарду кишварро ба иштибоҳ андохта метавонанд, табодули афкор сурат гирифт.

https://mfa.tj/tg/main/ittiloot/khabarho-va-ruidodho

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg