21 сентябри соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо бо раиси Палатаи савдо ва саноати Туркманистон Гурдов Мерген баргузор шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи васеи масоили дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистонро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, рушди ҳамкориҳои соҳибкории хурду миёнаи ду кишвар, иштироки соҳибкорон дар намоишгоҳу форумҳо ва ҳамзамон ҷалби сармояи мутақобиларо мавриди баррасӣ қарор доданд.
https://mfa.tj/tg/main/view/13431/vokhuri-bo-raisi-palatai-savdo-va-sanoati-turkmaniston
