Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркманистон

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамчун ду давлати мустақил 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол «Дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» замина пайдо намуд. Аз моҳи феврали соли 1995 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод ва аз 26 июни соли 1999 Сафорати Туркманистон дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ кардаанд.                                                                       

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон – Ниятбекзода Вафо Алибек (аз соли 2023).                          

Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қочмуродов Аймурад Байраммурадович (аз соли 2023).    

Заминаи шартномавӣ – ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро беш аз 133 санад ташкил медиҳад, аз ҷумла Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон, ки соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳоро ба танзим медароранд.

Тамосҳои сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд дорои ҳусни эътимод буда, ба дастгирии мутақобил асос меёбанд. Президентҳои ду кишвар борҳо сафарҳоро ба давлатҳои ҳамдигар анҷом додаанд.

19-20 августи 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафари расмӣ анҷом дод.                                                

2-3 ноябри 2017 зимни сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон Аҳднома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид, ки он муносибатҳои ду давлатро ба сатҳи сифатан нав баровард. 

20 июни 2018 Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба мақсади ширкат дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.                                        

24 августи 2018 дар минтақаи миллии сайёҳии "Аваза"-и шаҳри Туркманбошӣ ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал шуд, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок карданд.                 

1 октябри 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Туркманистон сафари корӣ анҷом дод. Ҳамзамон сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э.Раҳмон ба Туркманистон, ки 3-5 августи соли 2021 сурат гирифт, барои таҳкими муносибатҳои ҳамаҷониба ва шарикии стратегии байни ду давлат аҳамияти хоса дорад. Зимни сафари мазкур бастаи сершумори санадҳои ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.

Гузашта аз ин, 6 августи 2021 пас аз фарҷоми сафар давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар минтақаи миллии сайёҳии “Аваза” баргузор гардид, ширкат варзид.           

Шоистаи зикр аст, ки дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”-ро дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуданд.          

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон, Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дар доираи он вохӯрӣ баргузории Форуми иқтисодии Кишварҳои Осиёи Марказӣ барои рушд ва густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Туркманистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.                                                          

17 сентябри 2021 Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ҷиҳати иштирок дар Саммити ҷашнии СҲШ, ки бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси меҳмони фахрӣ сурат гирифт, ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дод.          

10-11 майи соли 2023 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон музокироти ду ҷониб дар сиғаи маҳдуд ва васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии тарафҳо сурат гирифт. Дар рафти музокирот, ки дар руҳияи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, сарони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон маҷмуи масъалаҳои ҳамкории ду кишварро муфассал  баррасӣ намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, ҷонибҳо 24 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Эъломия оид ба таъмиқи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистонро ба имзо расониданд.                      

Дар ҳошияи сафар ҳамзамон сарони давлатҳо дар маросими маҷозии оғоз бахшидан ба бунёди мактаби нав ба номи “Махтумқулӣ” дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ширкат варзиданд.

Дар остонаи сафари давлатии Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 майи соли 2023 дар ш. Душанбе Бизес-Форуми муштараки Тоҷикистону Туркманистон сурат гирифт, ки аз натиҷа 24 шартномаҳои корӣ ба маблағи 43 млн. долл ШМА ба имзо расонида шуд.

Ҳамзамон дар доираи Бизнес-Форум намоишгоҳи муштараки молҳои Тоҷикистону Туркманистон баргузор гардид. 4 августи соли 2023 ба мақсади иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сурат гирифт.

14 сентябри соли 2023 Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ба мақсади иштирок дар 5-умин мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассисони Фонди байналмилалии наҷоти Арал бо сафари корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуд. Дар рафти сафари корӣ мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷоратию-иқтисодӣ, афзун намудани гардиши муомилоти мол ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

14 сентябри соли 2023 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахатии Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов озими Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Бо қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои саҳми барҷаста дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, таъмиқи ҳамкории мутақобилан судманди давлатҳои минтақа дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки мамлакатҳои минтақа дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин кӯшишҳои чандинсолаи шахсӣ ба бунёдкорӣ ва рушди бемайлон равоннанмудааш, мукофоти олӣ – “Нишони фахрӣ” дар вазъияти тантанавӣ ба Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахатии Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов тақдим гардид.

4-5 апрели соли 2024 сафари расмии Раиси Халқ Маслиҳати Туркманистон, Пешвои миллии халқи туркман муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Зимни вохӯрӣ ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои байнидавлатӣ ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.                                                                            Инчунин дар ҳошияи сафар вохӯрии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо  Пешвои миллии халқи туркман – Раиси Халқ Маслиҳати Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо нақши муассири парламентҳои ду кишварро дар таъмини инкишофи муносибатҳои иҷтимоиву сиёсӣ қайд намуданд.

Дар рафти сафар Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон ва барномаи муштараки консертии устодони санъати Тоҷикистону Туркманистон бомуваффақият баргузор гардиданд.                                                                  

1 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маросими ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумқулӣ Фироқӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Маросими ифтитоҳи ин муассисаи таълимӣ ба таври маҷозӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов сурат гирифт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар доираи СММ, САҲА, ИДМ, ЮНЕСКО, СҲИ, TRACECA, С5+1, ИА+Осиёи Марказӣ, Ҷопон+Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Корея-Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ, Осиёи Марказӣ-Чин, инчунин дар масъалаҳои вобаста бо Афғонистон бо мавқеи ягона дар ҳалли ағлаби масъалаҳои доғи байналмилалӣ ва минтақавӣ баромад мекунанд.                                                                                   

Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ дар густариш ва таҳкими минбаъдаи шарикии тиҷоратӣ ва иқтисодӣ нақши муҳим мебозад. Ҷаласаи навбатии 13-умин комиссия рӯзи 16 октябри соли 2024 дар шаҳри Ашхобод баргузор гардид.                                                                                            

Гардиши савдо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон тамоюли болоравиро касб кардааст. Маҳсулоти асососии воридоту содирот дар сохтори муомилот иборат аз маҳсулоти нафтӣ, равғани растанӣ, нуриҳои минералӣ ва маҳсулоти саноати кимиёвӣ, инчунин комплекси агросаноатӣ, алюминий ва маснуоти он мебошад. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми муомилоти мол дар соли 2024 19,3 млн. долл ШМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2023 – 36,5% маротиба коҳиш ёфтааст.                                                                                

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангӣ-гуманитарӣ мубодилаи гурӯҳҳои эҷодӣ, иштироки мутақобил дар фестивалҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Бо ташаббуси Сарони ду давлат Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Рӯзҳои фарҳангии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, ки барои густариши муносибатҳои дӯстӣ байни мардумони ду кишвар ва таҳкими робитаҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон саҳми назаррас мегузоранд. Чунончи 23 ноябри соли 2022 дар қасри Муқами Маркази давлатии фарҳангӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор гардид.

11.04.2025

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg