Конфронси навбатии 3-юми Душанбе доир ба Даҳсолаи амал оид ба об аз силсилаи конфронсҳоест, ки дар дар ду сол як маротиба аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати дастгирии татбиқи Ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 гузаронида мешавад.

13.03.2024 09:27

Дар доираи Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи об барои амал Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф дорад, ки заминаеро барои пайгирӣ, пешбурд ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрӣ, ки дар Рӯзномаи амал оид ба оби Конфронси оби СММ дар соли 2023 ба қайд гирифта шудаанд, фароҳам оварда, ҳамчунин барои ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидани амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 мусоидат намояд.
Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 санаи 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

https://conf2024.dushanbewaterprocess.org/?lang=tj

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg